Фурӯши шири Покистон дар бозори Хоруғ манъ шуд

Август 22, 2016 10:44

Хоруғ,  22.08. 2016. /АМИТ «Ховар»/.  Кормандони бахши вилоятии  «Тоҷикстандарт»  ҳангоми  санҷиши ғайрнавбатӣ 331 қуттӣ шири навъи  «Таранг»- ро ба миқдори 66,2 литр ба иллати надоштани тамғаи махсуси ҷумҳурӣ аз муомилот берун карда, соҳибони мол ба маблағи ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд. Шири «Таранг»- ро тоҷирони афғон аз кишвари Покистон ба бозори муштараки маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ интиқол медиҳанд ва он аз ин ҷо тавассути соҳибкорони маҳаллӣ дар мағозаву бозорҳои дохилӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Ба гуфтаи сардори Раёсати «Тоҷикстандарт» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Қиличбек Қиличбеков ҳар молу колое, ки ба мағозаву бозорҳои дохилӣ ворид мешавад, бояд  рӯи бастаи он ба забони тоҷикӣ ва хати хоно маълумот дарҷ карда шавад. Харидор қабл аз хариди мол бояд бо таърихи тавлид, маҳалли истеҳсол ва таркиби он шинос шавад.
Аммо мутаассифона, рӯи бастаи ин шир бо ҳарфҳои хеле хурд ва он ҳам бо ҳуруфи арабию забони урду иттилоъ дарҷ шудааст, ки барои харидорон  комилан нофаҳмо аст. Бинобар ин, мо бори дигар аз тоҷирону соҳибкорон даъват намудем, ки  минбаъд чунин молу колои шубҳанокро ба вилоят ворид накунанд.

Август 22, 2016 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст