Фурӯши шири Покистон дар бозори Хоруғ манъ шуд
Хоруғ, 22.08. 2016. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони бахши вилоятии «Тоҷикстандарт» ҳангоми санҷиши ғайрнавбатӣ 331 қуттӣ шири навъи «Таранг»- ро ба миқдори 66,2 литр ба иллати надоштани тамғаи махсуси ҷумҳурӣ аз муомилот берун карда, соҳибони мол ба маблағи ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд. Шири «Таранг»- ро тоҷирони афғон аз кишвари Покистон ба бозори муштараки маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ интиқол медиҳанд ва он аз ин ҷо тавассути соҳибкорони маҳаллӣ дар мағозаву бозорҳои дохилӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Ба гуфтаи сардори Раёсати «Тоҷикстандарт» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қиличбек Қиличбеков ҳар молу колое, ки ба мағозаву бозорҳои дохилӣ ворид мешавад, бояд рӯи бастаи он ба забони тоҷикӣ ва хати хоно маълумот дарҷ карда шавад. Харидор қабл аз хариди мол бояд бо таърихи тавлид, маҳалли истеҳсол ва таркиби он шинос шавад.
Аммо мутаассифона, рӯи бастаи ин шир бо ҳарфҳои хеле хурд ва он ҳам бо ҳуруфи арабию забони урду иттилоъ дарҷ шудааст, ки барои харидорон комилан нофаҳмо аст. Бинобар ин, мо бори дигар аз тоҷирону соҳибкорон даъват намудем, ки минбаъд чунин молу колои шубҳанокро ба вилоят ворид накунанд.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






