Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот: «Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистон» нашр мегардад»

Август 1, 2016 11:50

Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон китоби «Ҳазорвожаи  пизишкии   Фарҳангистон» қисмҳои  1  ва 2 бо тафсирҳои иловагии истилоҳот ба забонҳои тоҷикӣ  ва русӣ таҳия ва  мунташир гардад.
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз  дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки  китоби мазкур аз ҷониби мутахассисони Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти  Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия ва нашр мегардад ва дастовезест ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои Гавҳар Шарофзода, дар таҳияи китоби «Ҳазорвожаи  пизишкии   Фарҳангистон»  аъзои Шӯрои ҳамгунсозии  истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони варзида ҷалб гардидаанд.
Таҳия ва нашри чунин  китобҳо дар оянда  дар соҳаҳои дигари тахассусӣ низ дар нақшаи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Август 1, 2016 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе