Гурӯҳи коршиносони Арабистони Саудӣ аз соҳилҳои Панҷ боздид ба амал оварданд
Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тасмим дорад, ки дар корҳои соҳилмустаҳкунӣ ба Тоҷикистон кумак расонад. Дар ин росто, як гурӯҳи коршиносон аз Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Подшоҳ Салмон таҳти роҳбарии муҳандис Аҳмад бин Алӣ Ал-Без ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Ин ҳайат бо роҳбарону масъулин ва мутахассисони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба расонидани кумакҳо дар самти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва пешгирии хавфи хати обхезии ҳавзаи дарёи Панҷ ва тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Гурӯҳи коршиносони Маркази Шоҳ Салмон ба ҷануби Тоҷикистон сафар намуда, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз вазъи селпартои Чубекча ва сади соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили рости дарёи Панҷ шинос гардида, иброз доштанд, ки дар корҳои соҳилмустаҳкамкунии соҳилҳои рости дарёи Панҷ дар оянда саҳм мегузоранд.
Абдулло Қуробонзода, муовини аввали директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки охири соли 2015 як гурӯҳи коршиносони Арабистони Саудӣ бобати шиносоӣ ва расонидани кумак ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба Тоҷикистон омада, аз нуқтаҳои хавфноки дарёи Панҷ боздид намуда буданд.
Интизор меравад, ки ҳайати Арабистони Саудӣ имрӯз дар Душанбе бо раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода мулоқот намуда, масъалаи таҷдиди маркази таълимии наҷотдиҳандагон дар Қаратоғро баррасӣ хоҳанд кард.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






