Хадамоти давлатии оташнишонии Тоҷикистон 88-солагии ташкилёбии худро ҷашн гирифт

Август 1, 2016 10:16

Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  88-солагии ташкилёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Нозим Иброҳимзода ифтитоҳ бахшида, зикр намуд: «Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар айни замон ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо нақлиёти оташнишонӣ ва таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин карда шуда, дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ биноҳои нави қисмҳои оташнишонӣ сохта ва ба истифода дода шуданд. Ин омилҳо боиси сифатан беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кормандони соҳа мегардад. Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳамеша омодаанд, ки баҳри бартараф намудани ҳодисаҳои сӯхтор, ҳифзи молу мулки давлату шаҳрвандон ва бурдани корҳои пешгирикунанда тамоми кӯшиши худро равона созанд».
Дар идомаи чорабинӣ барои хизматҳои софдилона, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас ва ба муносибати 88-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонии Тоҷикистон як қатор кормандон бо сипоснома, ифтихорномаи фахрӣ, нишони сарисинагӣ ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Бояд зикр кард, ки барои эмин нигоҳ доштани моликияти шаҳрвандон аз сӯхтор, кормандони мақомот ҳамарӯза дар нуқтаҳои савдо, бозорҳо, корхонаву муассисаҳо ва маҳаллаҳо вохӯриву суҳбатҳо гузаронида, аҳолиро аз оқибати харобиовари сӯхтор воқиф менамоянд. Новобаста аз ин, дар  шаш моҳи соли ҷорӣ 607 (2015 -547) ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 6  нафар ҳалок ва 20 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Бино ба иттилои Хадамоти оташнишонӣ, дар давраи ҳисоботӣ маблағи зарар зиёда аз 3 миллиону 150 ҳазор сомониро ташкил дода, дар натиҷаи тадбирҳои пешгирикунанда  31 нафар ва молу мулк ба маблағи беш аз 110 миллион сомонӣ аз сӯхтор наҷот дода шуд.

Август 1, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд