Хадамоти давлатии оташнишонии Тоҷикистон 88-солагии ташкилёбии худро ҷашн гирифт
Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 88-солагии ташкилёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Нозим Иброҳимзода ифтитоҳ бахшида, зикр намуд: «Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар айни замон ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо нақлиёти оташнишонӣ ва таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин карда шуда, дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ биноҳои нави қисмҳои оташнишонӣ сохта ва ба истифода дода шуданд. Ин омилҳо боиси сифатан беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кормандони соҳа мегардад. Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳамеша омодаанд, ки баҳри бартараф намудани ҳодисаҳои сӯхтор, ҳифзи молу мулки давлату шаҳрвандон ва бурдани корҳои пешгирикунанда тамоми кӯшиши худро равона созанд».
Дар идомаи чорабинӣ барои хизматҳои софдилона, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас ва ба муносибати 88-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонии Тоҷикистон як қатор кормандон бо сипоснома, ифтихорномаи фахрӣ, нишони сарисинагӣ ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Бояд зикр кард, ки барои эмин нигоҳ доштани моликияти шаҳрвандон аз сӯхтор, кормандони мақомот ҳамарӯза дар нуқтаҳои савдо, бозорҳо, корхонаву муассисаҳо ва маҳаллаҳо вохӯриву суҳбатҳо гузаронида, аҳолиро аз оқибати харобиовари сӯхтор воқиф менамоянд. Новобаста аз ин, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 607 (2015 -547) ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 6 нафар ҳалок ва 20 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Бино ба иттилои Хадамоти оташнишонӣ, дар давраи ҳисоботӣ маблағи зарар зиёда аз 3 миллиону 150 ҳазор сомониро ташкил дода, дар натиҷаи тадбирҳои пешгирикунанда 31 нафар ва молу мулк ба маблағи беш аз 110 миллион сомонӣ аз сӯхтор наҷот дода шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






