Хонандагон танҳо баъди хатми муассисаҳои таълимӣ ва гирифтани шаҳодатномаи хатм метавонанд барои таҳсил ба Амрико сафар намоянд

Август 23, 2016 16:29

Душанбе, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллард ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкорӣ, хусусан, оид ба такмилу омӯзиши забони англисӣ, такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва фаъолияти барномаи FLEX мубодилаи афкор намуданд.
Нуриддин Саид зикр кард, ки имрӯзҳо дар ҷумхурӣ «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардида истодааст, ки иҷрои бандҳои он зери назорати масъулини соҳа мебошад. Гузашта аз ин, вобаста ба имконот ҳамасола омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз такмили ихтисос гузаронида мешаванд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллард иттилоъ дод, ки вобаста ба такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд бо даъват намудани мутахассис аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико курсҳои такмили ихтисосро дар яке аз донишгоҳҳо ба роҳ монанд.
Ҷиҳати амалисозии барномаи FLEX ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки хонандагон танҳо баъд аз хатми муассисаҳои таълимӣ ва гирифтани шаҳодатномаи хатм метавонанд барои таҳсил ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намоянд.

Август 23, 2016 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст