Иқдоми «Нури маърифат» дар ноҳияи Деваштич
Деваштич, 27.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Нури маърифат» иқдоми ҳизбӣ ба роҳ монда шуд. Ҳадафи он аз дастгирии оилаҳои камбизоат, махсусан кӯдакони ятиму ниёзманд иборат буд.
Иқдоми мазкур ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандии хонандагон барои таҳсили хубу аъло ба роҳ монда шуда, мақсади пиёда сохтани сиёсати ғамхоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати хуб ба камол расидани насли наврасро дошт. Аз ин лиҳоз, дар арафаи оғози соли таҳсили 2016-2017 дар ноҳияи Деваштич 20 нафар ятимон ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз оилаҳои ниёзманд аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия бо асбобу лавозимоти хониш таъмин гардиданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






