Иқдоми «Нури маърифат» дар ноҳияи Деваштич

Август 27, 2016 09:25

Деваштич, 27.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва  Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Нури маърифат» иқдоми ҳизбӣ ба роҳ монда шуд. Ҳадафи он аз дастгирии оилаҳои камбизоат, махсусан кӯдакони ятиму ниёзманд иборат буд.

Иқдоми мазкур ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандии хонандагон барои таҳсили хубу аъло ба роҳ монда шуда, мақсади пиёда сохтани сиёсати ғамхоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати хуб ба камол расидани насли наврасро дошт. Аз ин лиҳоз, дар арафаи оғози соли таҳсили 2016-2017 дар ноҳияи Деваштич 20 нафар ятимон ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз оилаҳои ниёзманд аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия бо асбобу лавозимоти хониш таъмин гардиданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич хабар доданд.

Август 27, 2016 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!