И. Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила: «Ҷинояткорӣ дар байни занон ташвишовар аст»

Август 2, 2016 09:33

Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Тамоюли ҷинояткорӣ дар байни занон дар сатҳи ҷумҳурӣ гарчанде раванди пастшавиро   ба худ касб карда бошад ҳам, вале ташвишовар аст»,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ Идигул Қосимзода,  раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, дар ин давра  аз ҷониби занон 917 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 160 адад кам  мебошад. Ӯ омили асосии  даст ба ҷиноят задани занонро ба хусусияти иҷтимоӣ рабт вобаста донист.
Идигул Қосимзода ба вазъи  бекоршавии оилаҳо дар ҷумҳурӣ дахл намуда, зикр кард: «Дар зарфи шашмоҳаи аввали соли равон дар кишвар беш аз 4,5 ҳазор оилаҳо ҷудо гардиданд. Ин омор дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 адад коҳиш ёфтааст. Омилҳои  асосии пош хӯрдани оилаҳо  дар омода  набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, вазъи иҷтимоӣ, беэҳтиромӣ байни зану шавҳар, дахолати волидайн ва никоҳи бармаҳал мебошад».

Август 2, 2016 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад