И. Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила: «Ҷинояткорӣ дар байни занон ташвишовар аст»
Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Тамоюли ҷинояткорӣ дар байни занон дар сатҳи ҷумҳурӣ гарчанде раванди пастшавиро ба худ касб карда бошад ҳам, вале ташвишовар аст»,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, дар ин давра аз ҷониби занон 917 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 160 адад кам мебошад. Ӯ омили асосии даст ба ҷиноят задани занонро ба хусусияти иҷтимоӣ рабт вобаста донист.
Идигул Қосимзода ба вазъи бекоршавии оилаҳо дар ҷумҳурӣ дахл намуда, зикр кард: «Дар зарфи шашмоҳаи аввали соли равон дар кишвар беш аз 4,5 ҳазор оилаҳо ҷудо гардиданд. Ин омор дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 адад коҳиш ёфтааст. Омилҳои асосии пош хӯрдани оилаҳо дар омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, вазъи иҷтимоӣ, беэҳтиромӣ байни зану шавҳар, дахолати волидайн ва никоҳи бармаҳал мебошад».








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






