Иди асал дар шаҳри Хоруғ
Хоруғ, 19.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Беҳтарин занбӯрпарварони шаҳру навоҳии вилоят имрӯз дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ гирди ҳам омаданд ва маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Сардори Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назрӣ Назриев гуфт, ки бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин бор дар бозори марказӣ намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ намудем ва ҳоло дар боғи марказии шаҳр Иди асал баргузор кардем. Мутобиқ ба маълумоти оморӣ айни ҳол дар тамоми шаклҳои хоҷагидории вилоят бештар аз 6 ҳазор оилаи занбӯр мавҷуд аст ва сол аз сол миқдори истеҳсоли ин навъи маҳсулот рӯ ба афзоиш дорад.
Ба гуфтаи як тан занбӯрпарвар аз ноҳияи Дарвоз, ки худро Талабшо Қурбонов муаррифӣ кард, дар шароити кӯҳистон парвариши занбӯри асал ба хонаводаҳо дар таъмини рӯзгор кумаки зиёд мерасонад. Ҳар сокини деҳот ба ҷуз ифои вазифа дар ин ё он соҳа метавонад занбӯри асал парвариш кунад.
Дар ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз агар 50 қуттӣ дошта бошӣ ва онҳоро дуруст нигоҳубин намоӣ, то 2 тонна асал гирифтан мумкин аст. Агар ин миқдор асалро ба фурӯш барорӣ, маблағи ҳангуфт ба даст меорӣ. Аммо ин соҳа аз кас заҳмати зиёд талаб мекунад. Каме беэътиноӣ нисбат ба оилаи занбӯр боиси пароканда шудани ин оила мегардад.
Сардори Раёсати кишоварзии вилоят Назрӣ Назриев гуфт, ки дар ин намоиш мутахассисон ширкат доранд ва сифати ҳар як маҳсулоти хоҷагиҳои занбӯрпарваронро ташхис намуда, барои ширкат дар озмуни ҷумҳуриявии «Асал-2016» тавсия медиҳанд.
Ин озмун рӯзи 6 сентябри соли равон дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе баргузор мегардад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






