Иди асал дар шаҳри Хоруғ

Август 19, 2016 16:45

Хоруғ, 19.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Беҳтарин занбӯрпарварони  шаҳру навоҳии вилоят имрӯз дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ гирди ҳам омаданд ва маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Сардори Раёсати кишоварзии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Назрӣ Назриев гуфт, ки бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин бор дар бозори марказӣ намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ намудем ва ҳоло дар боғи марказии шаҳр Иди асал баргузор кардем. Мутобиқ ба маълумоти оморӣ айни ҳол дар тамоми шаклҳои хоҷагидории вилоят бештар аз  6 ҳазор оилаи занбӯр мавҷуд аст ва сол аз сол  миқдори истеҳсоли ин навъи маҳсулот рӯ ба афзоиш дорад.
Ба гуфтаи як тан занбӯрпарвар аз ноҳияи Дарвоз, ки худро Талабшо Қурбонов муаррифӣ кард, дар шароити кӯҳистон парвариши занбӯри асал ба хонаводаҳо дар таъмини рӯзгор кумаки зиёд мерасонад. Ҳар сокини деҳот ба ҷуз ифои вазифа дар ин ё он соҳа метавонад занбӯри асал парвариш кунад.
Дар ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз агар 50 қуттӣ дошта бошӣ ва онҳоро дуруст нигоҳубин намоӣ, то 2 тонна асал гирифтан  мумкин аст. Агар ин миқдор асалро ба фурӯш барорӣ, маблағи ҳангуфт ба даст меорӣ. Аммо ин соҳа аз кас заҳмати зиёд талаб мекунад. Каме беэътиноӣ нисбат ба оилаи занбӯр боиси пароканда шудани ин оила мегардад.
Сардори Раёсати кишоварзии вилоят Назрӣ Назриев гуфт, ки дар ин намоиш мутахассисон ширкат доранд ва сифати ҳар як маҳсулоти хоҷагиҳои занбӯрпарваронро ташхис намуда, барои ширкат дар озмуни ҷумҳуриявии «Асал-2016» тавсия медиҳанд.
Ин озмун рӯзи 6 сентябри соли равон дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Август 19, 2016 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад