Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак вазифаи аввалиндараҷаи ҷомеа аст

Август 13, 2016 10:51

Кӯлоб, 13.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ конфронси назариявӣ-амалӣ бахшида ба панҷсолагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» доир гардид.
Дар доираи конфронс дар саҳни Қасри фарҳанги ноҳия ҳунарҳои дастии кӯдакону наврасон ва ихтирооти навоварон ба намоиш гузошта шуд.
Дар кори конфронс, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия ба номи Одина Ҳошимов баргузор гардид, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, фаъолони ноҳия, сармутахассис-котибони комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, прокуратураи  вилояти Хатлон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ муовини раиси ноҳия Санифа Тағоймуродзода зикр намуд: «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар даврони соҳибистиқлолии кишвар қабул шудааст ва мақсад аз қабул гардидани он пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Ин Қонун давлат, ҷомеа, падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, вазифадор намуд, ки дар таълиму тарбияи фарзанд масъулиятнок бошанд».
Дар конфронс ҳамчунин таъкид гардид, ки яке аз талаботи асосии давлати соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёду демократӣ ин рушду пешрафти тамоми соҳаҳо, шукуфоии Ватани маҳбубамон ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Дар робита ба ин, тарбия ва ба камол расонидани тифл дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаётӣ буда, ба он ҳамеша таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад.

Август 13, 2016 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад