Иконаи беш аз садсола аз хариду фурӯш ҷилавгирӣ карда шуд

Август 3, 2016 17:12

Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Боз як далели хариду фурӯши ашёҳои таърихӣ дар ҷануби кишвар аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук ошкор ва пешгирӣ  гардид.
Дар  ҷараёни гузаронидани амалиёти фаврӣ аз тарафи кормандони раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Т.Б. ҳангоми ғайриқонунӣ ба фурӯш баровардани 3 адад икона ва 19 адад ордену медалҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон боздошт гардид.
Дар асоси ташхиси мутахассисони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, иконаи мусодирагардида таърихи беш аз садсола дошта, он маҳсули иконнанависони рус дар охири асри 19 ва аввали қарни 20 буда, дорои аҳамияти таърихиву фарҳангии миллату халқиятҳои маскуни Тоҷикистон  аст.

OLYMPUS DIGITAL CAMERAҲамзамон ордену медалҳо, махсусан як адад ордени «Ситораи сурх» ва ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», инчунин 17 адад медалҳои гуногун, нишони ҷонбозию фидокориҳо ва хизмати шоистаи фарзандони Тоҷикистон дар набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон солҳои 1941-1945  аст.
Бояд тазаккур дод, ки ашёҳои таърихӣ нишони ҷовидонӣ, хусусияти тарбиявӣ, ватандӯстӣ ва осорхонавӣ дошта, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудан ва ба соҳибияти каси дигар додани онҳо мамнӯъ мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки нисбат ба шаҳрванд Т. Б. парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.

Август 3, 2016 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад