«Империал Групп» китоби «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо»-ро ба нашр расонид

Август 9, 2016 13:56

  Душанбе, 09.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби наверо таҳти унвони «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо» аз чоп баровард.
Дар китоб  мақолаҳои  илмии олимон  ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ки фарогири масъалаҳои   рушд ва проблемаҳои  фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ  гирд оварда шудаанд.
Китоб барои доираи васеи хонандагон, аз қабили кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, қонунгузор, иҷроия ва  судӣ, инчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  ҳуқуқшиносон, олимону  донишҷӯён   тавсия карда мешавад.
Китоби мазкур зери  назари  доктори илмҳои ҳуқуқуқшиносӣ, профессор, директори  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимзода дар матбааи «Империал Групп» интишор гардидааст.

Август 9, 2016 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе