«Империал Групп» китоби «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо»-ро ба нашр расонид
Душанбе, 09.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби наверо таҳти унвони «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо» аз чоп баровард.
Дар китоб мақолаҳои илмии олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ки фарогири масъалаҳои рушд ва проблемаҳои фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гирд оварда шудаанд.
Китоб барои доираи васеи хонандагон, аз қабили кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, олимону донишҷӯён тавсия карда мешавад.
Китоби мазкур зери назари доктори илмҳои ҳуқуқуқшиносӣ, профессор, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимзода дар матбааи «Империал Групп» интишор гардидааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






