Имрӯз дар Душанбе «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба теннис ифтитоҳ мешавад

Август 23, 2016 11:53

Душанбе, 23.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Аз  23 то  27 августи соли  равон  дар шаҳри Душанбе  мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир  мегардад. Мусобиқаи мазкур дар «Корти тенниси тобистона»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баргузор гардида, он ба рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим такони нав мебахшад.
Дар  мусобиқаи мазкур   барои  ғолибони ҷои аввал ба духтарон ва писарон 7000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5600 сомонӣ, барои ҷои сеюм 3500 сомонӣ,  барои ҷои якум, дуюм ва сеюм ҷуфти духтарон ва  писарон мутаносибан 3500, 2800 ва 1750 сомонӣ  мукофот пешбинӣ шудааст. Хотиррасон менамоем, ки дар асоси банди 1-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2006 ҳар сол аз 20 то 27 август дар шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки  соли ҳафтум аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад.  Баргузории ин чорабинии муҳим ба  арафаи таҷлили 25-умин солгарди рӯзи Истиқлолияти давлатӣ рост омадааст, ки он инъикоскунандаи рамзи муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни мардумони  гуногун мебошад.
Хотиррасон   менамоем, ки  аввалин  маротиба    бо фармони  Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 19-уми марти соли 2005, №1535  нахустин мусобиқаи  байналмилалӣ  оид  ба теннис байни  наврасон барои  дарёфти  «Ҷоми Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон» доир гардид.
Сипас  дар асоси  Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон   аз 21 июли  соли  2006,№340  ҳамасола  дар шаҳри Душанбе  барои дарёфти «Ҷоми Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон» мусобиқаи  байналмилалӣ  оид ба теннис байни  наврасон  гузаронида мешавад.

Чоми Президент

Август 23, 2016 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад