Имрӯз нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Маккаи мукаррама ташриф меоранд

Август 24, 2016 09:00

Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 23-юми август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ ба хотири боздид аз ҷараёни корҳои омодагӣ вобаста ба мавсими «Ҳаҷ-2016» ба қароргоҳи ситоди ҳаҷи Тоҷикистон, воқеъ дар Маккаи мукаррама ташриф овард. Заробиддин Қосимӣ  бо ҷараёни корҳои омодагӣ аз наздик ошно гардида, аз шароити иқомати зоирони тоҷик, аз ҷумла, меҳмонхонаву ошхонаҳо дидан намуд.
Ба хотири дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани мавсими ҳаҷи имсола дипломат ба аъзои ситоди ҳаҷ машварат ва маслиҳатҳо дод.
Хотиррасон менамоем, ки имрӯз, 24-уми август нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Маккаи мукаррама ташриф меоранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим хабар дод.

Август 24, 2016 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад