Имрӯз варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров дар Рио-де-Жанейро қувва месанҷад

Август 17, 2016 10:52

Душанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шоми  имрӯз соати 19:05 бо вақти Душанбе  гурзандози  шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқот оид ба  гурзандозӣ  тибқи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ширкат меварзад.
Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд.
Дилшод Назаров,  варзишгари  тоҷик ба гурӯҳи В дохил шудааст. Дар ин гурӯҳ дунафарӣ аз Булғористону Британияи Кабир ва якнафарӣ аз Финляндия, Венгрия, Молдова, Мексика, Узбекистон, Юнон, Ҷумҳурии Чех, Туркия, Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон шомиланд.
Бояд  зикр кард, ки натиҷаи беҳтарини Дилшод Назарови 34-сола 80 метру 71 сантиметр мебошад. Дар ин гурӯҳ рақибони аслии ӯ Иван Тихони 40-сола аз Беларус (натиҷаи беҳтаринаш   84.51 м), Кристиан Парси 34-солаи маҷористонӣ (натиҷаи беҳтаринаш  82.69 м) ва Войтсех Новитскии 27-солаи лаҳистонӣ (натиҷаи беҳтаринаш  78.71 м) мебошанд. Ёдовар мешавем, ки дар ин намуд варзишгари машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев соли 1992 дар Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри  Барселонаи Испания бо натиҷаи 82.54 метр бо медали тилло сарфароз гаштааст.
Хотиррасон  менамоем. ки аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар-  Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр)  ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Август 17, 2016 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад