Истаравшан: Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ китобхонаи нав ба истифода дода шуд
Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Обҷувози ҷамоати деҳоти Қалъачаи калони ноҳияи Истаравшан бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бинои нави Китобхонаи маҳаллӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Бинои куҳнаи китобхона дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Баъди ба истифода додани бинои нав дар шаш моҳи соли равон шумораи хонандагон ба 648 нафар расид, ки ин шумора дар ҳамин давраи соли гузашта 518 нафарро ташкил медод.
Ҳоло, дар китобхона 3110 нусха китоб маҳфуз буда, аз он 1156 нусхааш бо забони тоҷикӣ мебошад. Моҳи апрели соли равон тавассути «Корвони китоб» ба китобхона адабиёти нав ворид карда шуд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






