Истаравшан: Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ китобхонаи нав ба истифода дода шуд

Август 1, 2016 11:46

Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Обҷувози ҷамоати деҳоти Қалъачаи калони ноҳияи Истаравшан  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бинои нави Китобхонаи маҳаллӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Бинои куҳнаи китобхона дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Баъди ба истифода додани бинои нав дар шаш моҳи соли равон шумораи хонандагон  ба 648 нафар расид, ки ин шумора дар ҳамин давраи соли гузашта 518 нафарро ташкил медод.
Ҳоло,  дар китобхона 3110 нусха китоб маҳфуз буда, аз он 1156 нусхааш бо забони тоҷикӣ мебошад. Моҳи апрели соли равон  тавассути «Корвони китоб» ба китобхона адабиёти нав ворид карда шуд.

Август 1, 2016 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад