КҲФ созишномаи навбатиро ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба имзо расонид

Август 5, 2016 17:16

Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 август маросими баимзорасонии лоиҳаи «Таҳкими иқтидор оид ба омодагӣ ва вокуниш миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ) ва Барномаи Рушди СММ» дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия дар доираи Хазинаи трастовии Барномаи Рушди СММ маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа то соли 2018 идома ёфта, маблағи он 1,650 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Мақсади асосии лоиҳа таҳкими иқтидори кумита оид ба омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки расонидани кумакҳои техникӣ, омӯзиш ва бозомӯзонидани кормандони КҲФ-ро дар бар мегирад.
Ҳуҷҷати лоиҳавиро раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ва директори минтақавии Барномаи Рушди СММ  Ян Харфст имзо карданд.
Бояд зикр кард, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 22 соли фаъолият 18 созишномаи байнидавлатӣ ва байналмилалӣ дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ба имзо расонидааст.

Август 5, 2016 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст