Кӯлоб: дар нимсолаи аввал 253 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд

Август 4, 2016 16:51

Кӯлоб, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар зарфи шаш моҳи соли равон барои ба кор таъмин намудани  шахсони бешуғл чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, тибқи маълумотҳо 703 доираи нави корӣ, аз ҷумла дар соҳаи саноат  33 адад, кишоварзӣ 21 адад ва сохтмон 320 адад таъсис дода шуданд»,- иброз дошт раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло.
Ба маълумоти раиси шаҳри Кӯлоб,  дар ин давра 253 нафар ба касбомӯзӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, кафшергарӣ, муҳосибӣ, бофандагӣ ва омӯзиши кампютер фаро гирифта шудааст. Дар баробари ин  403 нафар аз тариқи  худмаблағгузорӣ касбҳои гуногунро аз худ намуда, дар маҷмӯъ 445 нафар соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гардидаанд.
Ҳамзамон 400 нафар  бо ҷои кор таъмин карда шуда, 40 нафари дигар  ба гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва ташкили корҳои фардӣ соҳиби ҷои кор шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар шаш моҳи соли равон 6 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ  гузаронида шуда,  дар онҳо 523 ҷойи кории холӣ пешниҳод гардида, 57 нафар ба кор ва 40 нафар  ба касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.

Август 4, 2016 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд