Кӯлоб: дар нимсолаи аввал 253 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд
Кӯлоб, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар зарфи шаш моҳи соли равон барои ба кор таъмин намудани шахсони бешуғл чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, тибқи маълумотҳо 703 доираи нави корӣ, аз ҷумла дар соҳаи саноат 33 адад, кишоварзӣ 21 адад ва сохтмон 320 адад таъсис дода шуданд»,- иброз дошт раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло.
Ба маълумоти раиси шаҳри Кӯлоб, дар ин давра 253 нафар ба касбомӯзӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, кафшергарӣ, муҳосибӣ, бофандагӣ ва омӯзиши кампютер фаро гирифта шудааст. Дар баробари ин 403 нафар аз тариқи худмаблағгузорӣ касбҳои гуногунро аз худ намуда, дар маҷмӯъ 445 нафар соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гардидаанд.
Ҳамзамон 400 нафар бо ҷои кор таъмин карда шуда, 40 нафари дигар ба гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва ташкили корҳои фардӣ соҳиби ҷои кор шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар шаш моҳи соли равон 6 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 523 ҷойи кории холӣ пешниҳод гардида, 57 нафар ба кор ва 40 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






