Кӯлоб: Нобиноён соҳиби гази табиӣ гардиданд
Кӯлоб, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ба маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб, ки дар он маҳалла асосан нобиноён умр ба сар мебаранд, аз ҷониби Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Кӯлобгаз» гази табиӣ интиқол дода шуд. Ба қавли директори ҷамъият Бахтиёр Ҷалолов, бино баландошёна буда, аз 56 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад. Хатҳои интиқоли газ, ки аз солҳои пешин кӯҳнаю фарсуда гардида буданд, аз сари нав таъмир гардида, барқарор карда шуданд. Ҳоло маҳаллаҳои Ҳилоли Аҳмар, Сайфиддин Сангов, Шамсиддин Шоҳин, Борбад ва Ҷаббор Расулов шабонарӯз бо гази табиӣ таъминанд.
Директори ҷамъият аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мутаассифона, аҳолии як қисми маҳаллаҳо аз пардохти ҳаққи газ саркашӣ мекунанд, ки ин барои пешрафти фаъолияти ҷамъият таъсири манфӣ мерасонад.
Бо дастгирии ҶСП «Нафту гази Тоҷикистон»,ҶСП «Ҷалолиён», Вазорати энергетика ва оби ҶТ дар муддати кӯтоҳ маҳаллаи Якуми майи шаҳр низ бо гази табиӣ таъмин мешавад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






