Киҳо авф намешаванд?
Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки имрӯз дар ҷаласаи якуми иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул гардид, шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд, нафароне, ки нисбат ба онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, шахсоне, ки қаблан мувофиқи қонунҳои авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои ҷазо озод карда шудаанду боз ҷиноят содир намудаанд, нафароне, ки дар маҳали адои ҷазо ҷиноят содир намудаанд ва маҳкумшудагоне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд, авф карда намешаванд. Инчунин нафароне, ки бо ҷиноятҳои вазнин, ба мисли куштор, бо ҷурми ифротгароӣ ва терроризм маҳкум шудааанд ё ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат содир кардаанд, авф намегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки ду сол муқаддам, аниқтараш моҳи октябри соли 2014 дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул карда буд, ки тибқи он беш аз 10 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон аз маҳбасҳо ба озодӣ баромада буданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






