Киҳо авф намешаванд?

Август 24, 2016 12:04

Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки имрӯз дар ҷаласаи якуми  иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул гардид,  шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд, нафароне, ки нисбат ба онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, шахсоне, ки қаблан мувофиқи қонунҳои авф  аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои ҷазо озод карда шудаанду боз ҷиноят содир намудаанд, нафароне, ки  дар маҳали адои ҷазо ҷиноят содир намудаанд ва маҳкумшудагоне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд, авф карда намешаванд. Инчунин нафароне, ки бо ҷиноятҳои вазнин,  ба мисли куштор, бо ҷурми ифротгароӣ ва  терроризм маҳкум шудааанд ё ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва  амнияти давлат  содир кардаанд, авф намегарданд.
Бояд тазаккур дод,  ки ду сол муқаддам, аниқтараш моҳи октябри соли  2014 дар арафаи 20-солагии қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  авф»-ро қабул карда буд, ки тибқи он беш аз 10 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон аз маҳбасҳо ба озодӣ баромада  буданд.

Август 24, 2016 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!