Кишоварзони ноҳияи Шуғнон соҳиби бинои дуошёна гардиданд
Шуғнон, 25.08.2016. /АМИТ«Ховар» /. Дар остонаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Шуғнон- шаҳраки навбунёди Вахдат бинои нави хуштарҳу зебои дутабақа барои кишоварзон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни ифтитоҳи бино раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед кормандони бахши кишоварзӣ ва онҳоеро, ки бо замин сару кор доранд, табрик карда, баён дошт, ки ин ҳама корҳои ободонию созандагӣ самараи истиқлолу ваҳдати миллӣ аст.
Маҳз дар даврони истиқлолият замин ба соҳиби аслиаш, яъне деҳқон дода шуд ва имрӯз вай мутобиқ ба шароити иқлим ва фоиданокии ҳосил ин ё он зироату сабзавотро кишт карда, ба бозор мебарорад. Ҳукумати кишвар ҳамасола бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ ба деҳқонону боғдорон, сабзавоткорону чорводорон бо фоизи муайян қарзҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддат медиҳад.
Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунад, ки бо истифода аз шароити биҳиштосои кишвар ва риояи дурусти усулҳои муосири агросаноатӣ мо метавонем дар як мавсим ду-се ҳосил ба даст оварем. Бо ин кор на танҳо бозорҳои дохилиро аз маҳсулоти тозаи худӣ таъмин мекунем, балки вақти он расидааст, ки ин маҳсулотро дар бозорҳои кишварҳои дуру наздик ба фурӯш гузорем.
Ба гуфтаи мудири бахши кишоварзии ноҳия Солеҳҷон Хушназаров, бинои мазкур бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ бунёд шуда, 12 утоҳи корӣ, маҷлисгоҳ ва сарой барои мошинҳо дорад.
Утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти технологӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






