Коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Ваҳдат 22 ҳазор адад либоси мактабӣ омода кардаанд

Август 18, 2016 10:20

Душанбе, 18.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Коргоҳҳои дӯзандагии «Мижгона» ва «Мафтуна»- и шаҳри Ваҳдат дар маҳаллаю деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр бо иштироки масъулини муассисаҳои таълимӣ ярмаркаи фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ доир менамоянд. Либосҳои мазкур бо сифати хуб ва дӯхти ватанӣ тайёр карда шуда ва қиматаш аз 80 то 120 сомонӣ муайян гардидааст, ки нисбат ба нархи бозор арзон мебошад.
Тибқи иттилои муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Майсара Назарбекова, аз 65 ҳазору 644 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр то имрӯз 28 ҳазору 338 нафар соҳиби либоси ягонаи мактабӣ гардидаанд.
Дар соли 2016 Раёсати маорифи шаҳр дар якҷоягӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо коргоҳҳои дӯзандагии «Мижгона» ва «Мафтуна» барои таъмини 40 ҳазор нафар хонанда бо либоси ягонаи мактабӣ шартнома баста, айни замон барои харидории либосҳои мазкур бо падару модарон суҳбат доранд.
Дар коргоҳҳои дӯзандагӣ 22 ҳазор либос барои фурӯш омода шудаанд. То кунун  аз ин теъдод 6 ҳазор либосро харидаанд.

Август 18, 2016 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!