Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода чор нафарро наҷот доданд
Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар/. Дар рӯзҳои истироҳат кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон чор нафарро наҷот доданд.
Чунончи, дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ мошинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» дар натиҷаи баланд кардани суръати ҳаракат чаппа шуда, ба канал, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд вокеъ аст, сарозер гашт. Дар вақти садама дар мошин 6 нафар буданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд. Зимни амалҳои фаврӣ наҷотдиҳандагони Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд 4 нафар шаҳрвандонро наҷот доданд. Мутаассифона, ду мусофири дигар ба ҳалокат расиданд. Ҷасади онҳоро кормандони Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд аз об бароварда, ба мақомоти дахлдор супориданд.
Аз оғози соли 2016 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар садамаҳои нақлиётӣ вобаста ба наҷот дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо 14 нафарро наҷот доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






