Кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ ба зиёда аз 60 лоиҳаи қонунҳо хулосаҳои ҳуқуқӣ доданд

Август 3, 2016 16:39

Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «7 китоб ва беш аз 60 мақолаи илмию таҳлилӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар чопхонаҳои кишвар ба табъ расиданд», -гуфт дар нишасти матбуотӣ Маҳмад Раҳимзода, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо», «Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат ва амалишавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазъи ҳуқуқии ҷабрдида дар мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин қабиланд.
Ҳамзамон  Маҳмад Раҳимзода афзуд, ки кормандони марказ ба зиёда аз 60 лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ доданд, ки дар маҷмӯъ беш аз 300 таклифу пешниҳодро фаро мегирад.

Август 3, 2016 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад