Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон сафири нави Ҳиндустон дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Август 11, 2016 11:41

Душанбе, 11.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо Сафири нави фавқулодда ва мухтори  Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гош мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо зикр намуданд, ки муносибатҳои байнидавлатии ва ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар сатҳи хуб қарор доранд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки захираву имконият ва шароити ҳамкориҳои истифоданашудаи миёни  ду кишвар дар соҳаҳои гуногун зиёданд. Аз ҷумла, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳарбию техникӣ мавриди тавҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.

Дарр мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, зарурияти тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои зикршуда таъкид карда шуд.

 

Август 11, 2016 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик