Ҷ. Лангариева: «Ҳар як табибе, ки либоси табибиро ба бар мекунад, бояд ба мардум бо дасту дили пок кумак расонад»

Август 18, 2016 12:10

Душанбе, 18.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 1994 ҳамасола  18  август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони  соҳаи тиб ва зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино   ҷашн гирифта мешавад.  Бахшида ба ин рӯз дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» чорабинии идона доир гардид.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамила Лангариева вобаста ба ин рӯз иброз дошт, ки табиб бояд пеш аз ҳама, бо рӯҳи болида беморро қабул карда, бо забони ширин бо ӯ суҳбат намояд.
Ҷамила Лангариева ҳамчунин илова намуд, ки  вақте табиб содиқона ба беморон хизмат мерасонад, бовари беморон  ба табибон дучанд мегардад.  Ҳар як табибе, ки либоси табибиро ба бар мекунад,  бояд ба мардум бо дасту дили пок кумак расонад.
Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар 25  соли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои зиёде ноил гардид. Аз ҷумла, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин марказҳои нави замонавӣ ба истифода дода шуданд, ки Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»  аз ҷумлаи онҳост.
Ёдрас менамоем, ки имрӯз соати 16 бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ чорабинии идона баргузор мегардад.

Август 18, 2016 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад