Лилия Бурунчук: «Бонки Ҷаҳонӣ шарики бовариноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои тӯлонӣ мебошад»

Август 13, 2016 13:05

Душанбе, 13.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ин сафари аввалини ман ба Тоҷикистон нест, чунки қаблан ман дар минтақаи Осиёи Марказӣ кор мекардам ва ба Тоҷикистон ташриф оварда будам. Сафари ман ба Тоҷикистон 10 сол қабл сурат гирифта буд ва имрӯз аз дастовардҳои кишвари Тоҷикистон дар муқоиса ба 10 сол пеш дар ҳайрат ҳастам. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастоварҳои боварнакарданӣ дар ҷодаи рушди иқтисодӣ ноил гардид ва ин имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас паст гардад»,-изҳор намуд Директори кишварии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Л. Бурунчук ҳамчунин илова намуд: «Кӯшишҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ имкон дод, ки кишваре, ки Истиқлолияти худро аз низоъҳо оғоз карда буд, ба як мамлакате табдил ёбад, ки имрӯз аллакай иқтисоди бозоргонии худро рушд дода истодааст, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадааст ва дастрасии мардумро ба хизматрасониҳои асосӣ таъмин менамояд».
Лилия Бурунчук ба хабарнигорон ҳамчунин зикр намуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ шарики бовариноки  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои тӯлонӣ мебошад ва машғули татбиқи як барномаи васеъ мебошад, ки дар доираи он 23 лоиҳаи алоҳида ба маблағи умумии 360 млн. доллар амалӣ шуда истодааст.
«Дар доираи вохурӣ ва шиносоӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо масъалаҳои кумаки Бонки Ҷаҳониро ба Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, об ва рушди иқтисодиёти кишвар, инчунин натиҷаҳои мусбати Конфронси оид ба ҳамоҳанг намудани фаъолияти донорҳо ҷиҳати маблағгузории барқарорзозии НБО «Норак»-ро, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баррасӣ намудем»,- баён намуд Директори кишварии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ.
Раҷит Ламек, роҳбари бахши энергетикӣ ва соҳаи истихроҷ дар бораи натиҷаҳои конфронси ҳамоҳангсозии фаъолияти донорҳо ҷиҳати маблағгузории барқарорсозии НБО «Норак» ба хабарнигорон иброз намуд: «Ҳукумати ҶТ барои ташкилоти донорӣ ҷиҳати баррасии масъалаи ниҳоят муҳим, яъне НБО «Норак» конфронси бамавқеъ доир намуд. Дар он платформаи сатҳи олӣ барои муҳикимаҳо пешниҳод карда шуд. Донорҳое, ки дар конфронс иштирок карданд, кумаки ҳамаҷонибаи худро барои барқарорсозии НБО «Норак»   изҳор намуданд.
Дар доираи конфронс Бонки Ҷаҳонӣ ширкати худро дар амалисозии ин лоиҳа тасдиқ намуда, ҷонибдории худро ҷиҳати пешниҳоди маблағгузорӣ ба андозаи 170 млн. доллар баён намуд».
Ба маълумоти Раҷит Ламек, дар конфронс ҳамчунин Бонки осиёгӣ оид ба рушди инфрасохтор, ки қароргоҳи асосии он дар шаҳри Пекин мебошад, дастгирии ҳамаҷонибаи худро нисбат ба лоиҳаи мазкур изҳор намуда, масъулият бар дӯш гирифтааст, ки 60 млн. доллар барои лоиҳаи мазкур пешниҳод намояд. Чанд ташкилоти донории дигар низ ҳавасмандии худро барои маблағгузорӣ изҳор намудаанд.
«Барқарорсозии чунин як иншооти муҳим ба мо ҳам аз ҷиҳати молиявӣ  ва аз ҷиҳати фаъолияти он ниҳоят муҳим аст. Бонки Ҷаҳонӣ ба таҳияи  ҳуҷҷатҳо оид ба лоиҳаи мазкур оғоз хоҳад намуд. Ҳукумати ҶТ ҷиҳати таъмин намудани лоиҳаи барқарорсозии НБО «Норак» корҳои техникиро дар сатҳи олӣ ба анҷом расонид. Дар ҳамкорӣ бо ҶТ ва дигар донорҳо мо умедвор ҳастем, ки корҳоро соли оянда оғоз хоҳем намуд»,-илова кард   Раҷит Ламек, роҳбари бахши энергетикӣ ва соҳаи истихроҷи Бонки Ҷаҳонӣ.

Август 13, 2016 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид