Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» дар баррасии Парлумон

Август 16, 2016 14:55

Душанбе, 16.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» ва «Дар бораи ҳимояи рақобат» имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ гардид.
Аз палатаи поёнии Парлумони  мамлакат ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд, ки аъзои Шӯро ҳамзамон  лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи алоқаи почта», «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва  «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд. Бархе аз масъалаҳои муҳокимагардида барои баррасӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд.
Зикр шуд, ки лоиҳаҳои қонунҳои пешниҳодшуда барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои ҳуқуқии кишвар ва беҳдошти сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.

Август 16, 2016 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад