М. Неъматов: Дилшодо, дили миллат шод кардӣ, шод бош!
Душанбе, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз номи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Олмон Маликшо Неъматов ба АМИТ «Ховар» барқияи табрикӣ расид, ки дар он омадааст:
«Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар симои Роҳбари давлат миллати тоҷик ва тоҷикистониёни азизро бо натиҷаи баланди сатҳи ҷаҳонии Дилшод Назаров муборакбод менамоем.
Ҳангоме ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дилшод Назаровро ба мансаби муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуд, чунин гуфта буд: «Дилшод ғурур ва нангу номуси миллии баланд дорад ва барои ҷавонон, алалхусус варзишгарон намунаи ибрат мебошад».
Имрӯз дар ҳақиқат ба хотири дастоварди баланди олимпии Дилшод Назаров Тоҷикистон дар сархати расонаҳои олам қарор гирифтааст. Аксари расонаҳои маъруфи олмонӣ зери унвони «Тоҷик Дилшод Назаров нахустин медали тиллои олимпиро ба кишвараш овард» хабар пахш карданд ва дар ин бора тамоми ВАО-и кишварҳои аврупоӣ низ маълумот доданд, ки боиси ифтихори давлату миллати тоҷик мебошад.
Дилшод Назаров бо хоксорӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва нангу ори хоси миллиаш ба ин натиҷаи баланди ҷаҳонӣ расид. Дилшод аз ҳама мусобиқаҳои байналмилалӣ бо натиҷа бармегашт ва аксаран масъулини соҳаро аз омаданаш огоҳ намесохт. Вақте аз ӯ мепурсидем, ки чаро аз омаданат огоҳ насохтӣ, то ки пешвози сазоворат гирем, ҳамеша иброз медошт, ки: «насиб кунад, бо медали олимпӣ ба ватан баргардам, ҳатман огоҳ месозам».
Хушбахтона, ин дафъа бе огоҳии Дилшод миллат ба пешвози фарзанди қаҳрамонаш мебарояд. Аз номи Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, Чехия, Полша, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон ва кулли мухлисону ҳаводоронаш ба Дилшод ба таври ҳамешагӣ иқболи баланди варзишӣ таманно мекунем ва бовар дорем, ки Дилшод на як бору ду бори дигар сабабгори боло шудани Парчами Тоҷикистони азиз ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни олам мегардад».








14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






