Маҷлиси идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар пойтахти кишвар оғоз шуд
Душанбе, 18.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин лаҳзаҳо дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии кишвар бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино, ки шурӯъ аз соли 1994 ҳамасола 18 август ҷашн гирифта мешавад, маҷлиси идона ҷараён дорад.
Дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббӣ, олимону донишмандон ва шоирону нависандагон иштирок доранд.
Нусратулло Салимзода ҳамаи табибони тоҷикро бо иди касбиашон табрик намуда, дар бораи нақши табибон дар ҷомеа сухан гуфт. Зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар ба соҳаи тиб таваҷҷуҳи зиёд дошта, дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар кишвар садҳо муассисаҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд. Яке аз иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъсиси боз як донишгоҳи тиббӣ дар вилояти Хатлон аст, ки шуруъ аз 1 сентябр дарҳояшро ба рӯи донишҷӯён боз мекунад.
Бояд гуфт, ки бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи тиб имрӯз дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ярмаркаи махсулоти кишоварзӣ доир гардид. Дар он 17 муассисаи иҷтимоии вазорат маҳсулоташонро бо нархи арзон пешкаши аҳолии пойтахт намуданд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






