Маҷлиси идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар пойтахти кишвар оғоз шуд

Август 18, 2016 17:19

Душанбе, 18.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин лаҳзаҳо дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии кишвар   бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино, ки  шурӯъ аз соли 1994 ҳамасола  18  август ҷашн гирифта мешавад, маҷлиси  идона ҷараён дорад.
Дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайриниссо Юсуфӣ,  роҳбарони муассисаҳои тиббӣ,  олимону донишмандон ва шоирону нависандагон иштирок доранд.
Нусратулло Салимзода ҳамаи табибони тоҷикро  бо иди касбиашон табрик намуда, дар бораи нақши табибон дар ҷомеа сухан гуфт. Зикр  гардид, ки Ҳукумати кишвар ба соҳаи тиб таваҷҷуҳи зиёд дошта, дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар кишвар садҳо муассисаҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд. Яке аз иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъсиси боз як донишгоҳи тиббӣ дар вилояти Хатлон аст, ки шуруъ аз 1 сентябр дарҳояшро ба рӯи донишҷӯён боз мекунад.
Бояд гуфт, ки бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи тиб имрӯз дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ярмаркаи махсулоти кишоварзӣ доир гардид. Дар он 17 муассисаи иҷтимоии  вазорат маҳсулоташонро бо нархи арзон пешкаши аҳолии пойтахт намуданд.

Август 18, 2016 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад