Мақомоти Белгия ду фаронсавиро, ки таҳдиди таркондани истгоҳи роҳи оҳанро доштанд, дастгир карданд
Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Белгия ду марди фаронсавӣ баъд аз таҳдиди таркондани истгоҳи роҳи оҳан дастгир карда шуданд. Рӯзи чоршанбе яке аз гумонбарон дар бинои истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кортрейки Белгия «ин ҷо ҳама чиз метаркад» садо баланд карда, дуюмин «террорист, террорист» гӯён фарёд мезад. Ин нидоҳо боиси ҳангомаи атрофиён гардида, кӯчонидани фаврии одамон аз бинои истгоҳи роҳи оҳан сурат гирифт.
Дар ин бора Агентии иттилоотии ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизионии RTL хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, шахсияти вайронкунандагони тартибот ба воситаи сабти камераҳои назоратӣ муайян карда шуд. Онҳо А. Рабахи 38-сола ва К. Нассери 43-сола аз шаҳри Рубеи шимоли Фаронса буданд.
Пас аз боздошт гумонбарон тамоми иттиҳомотро инкор карданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






