«Мадад 19-19» шуморо наҷот медиҳад
Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 29 июли соли равон, соати 19:30 дақиқа 11 нафар сокинони аз 15 то 33-солаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки дар дарёи Душанбе оббозӣ мекарданд, дар миёни сел монданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин воқеа дар наздикии Комбинати гӯшт ба амал омадааст.
Ба иттилои манбаъ, се нафар бо қувваи худӣ аз об берун шуда, 8 нафари дигар, ки дар вазъияти хатарнок қарор доштанд, аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наҷот дода шуданд.
Ҳамасола дар фасли гармо сатҳи оби кӯлу дарёҳо баланд гардида, хавфу хатари зиёдро ба вуҷуд меоранд. Аз бепарвоӣ ва беназоратии падару модарон дар бештари мавридҳо кӯдакону ноболиғон ба ҳодисаҳои нохуш дучор гардида, ба ҳалокат мерасанд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар робита ба ин, бо мақсади пешгирии оқибатҳои нохуш ва марговар аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд ва дар ҷойҳои мамнӯъшуда ба оббозӣ машғул нашаванд.
ВКД ҳамчунин хабар медиҳад, ки дар ҳолати дучор гардидан ба ҳодисаҳои фавқулодда, табиӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш шаҳрвандон метавонанд, ба воситаи телефони «Мадад 19-19» ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






