«Мадад 19-19» шуморо наҷот медиҳад

Август 1, 2016 10:49

Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  29 июли соли равон, соати 19:30 дақиқа 11 нафар сокинони аз 15 то 33-солаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки дар дарёи Душанбе оббозӣ мекарданд,  дар миёни сел монданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин воқеа дар наздикии Комбинати гӯшт ба амал омадааст.
Ба иттилои манбаъ, се нафар бо қувваи худӣ аз об берун шуда, 8 нафари дигар, ки дар вазъияти хатарнок қарор доштанд, аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наҷот дода шуданд.
Ҳамасола дар фасли гармо сатҳи оби кӯлу дарёҳо баланд гардида, хавфу хатари зиёдро ба вуҷуд меоранд. Аз бепарвоӣ ва беназоратии   падару модарон дар бештари мавридҳо кӯдакону ноболиғон ба ҳодисаҳои нохуш дучор гардида, ба ҳалокат мерасанд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар робита ба ин, бо мақсади пешгирии оқибатҳои нохуш ва марговар аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд ва дар ҷойҳои мамнӯъшуда ба оббозӣ машғул нашаванд.
ВКД ҳамчунин хабар медиҳад, ки дар ҳолати дучор гардидан ба ҳодисаҳои фавқулодда, табиӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш шаҳрвандон метавонанд, ба воситаи телефони «Мадад 19-19» ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Август 1, 2016 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад