Мактаби навбунёд дар деҳоти Навобод дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ 14-умин муассисаи таълимӣ мебошад

Август 26, 2016 11:39

Душанбе, 26.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Муассисаи таълимии имрӯза барои 640 ҷойи нишаст бо сарфи беш аз 18 миллион сомонӣ бунёд гардида, туҳфаи идонаи Ҳукумати мамлакат ба устодону шогирдони ин даргоҳи илму маърифат дар остонаи ҷашни камолоти давлати соҳибистиқлоламон ва соли нави хониш мебошад»,-зикр намуд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёд дар деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуд, ки мактаби навбунёд дар деҳоти Навобод дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ 14-умин муассисаи таълимие мебошад, ки бо тамоми шароити муосири таълиму тарбия таъмин гардида, фарзандони мардуми ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ба таҳсил фаро гирифтааст. Яъне, то имрӯз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳия барои 5500 ҷойи нишаст мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд карда шудаанд.

Август 26, 2016 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст