Марафони саломатии велосипедронӣ дар шаҳри Хуҷанд доир шуд
Душанбе, 22.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Марафони саломатии велосипедронӣ, ки 20 август дар маркази вилояти Суғд баргузор гардид, наздик ба 200 нафар велосипедронҳои синни гуногун фаъолона иштирок намуданд.
Чорабинӣ аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» оғоз шуда, то майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт. Марафони саломатии велосипедронӣ тибқи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи кишвар бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди варзиши велосипедронӣ баргузор гардид.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






