Маркази бемориҳои сили ноҳияи Восеъ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст

Август 17, 2016 09:44

Восеъ, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Восеъ рушд намуда, тамоми муассисаҳои табобатии ноҳия аз таъмир бароварда шуданд.  Се беморхонаи калонтарин, 8 марказу  бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифта,  кори кормандони соҳаи тибро хеле  осон карданд.
Дар  10 соли охир  бо дилсӯзию мусоидати Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чандин адад  дастгоҳҳои калонҳаҷми тиббӣ  ба ноҳия ворид карда шуданд. Ҳоло бо ҷалби  мутахассисони варзида  ҳама намуди ҷарроҳӣ  дар ноҳия гузаронида мешавад.
Ба иттилои директори Маркази бемориҳои сили  ноҳияи Восеъ Сафаралӣ Мирзоев,  имрӯзҳо дар Маркази ҳимояи аҳолӣ  аз бемории сил ҳама намуди ин беморӣ  бо истифода аз дастгоҳи  рентгении муосир  муайян  карда мешавад.
Шумораи гирифторони бемории сил дар ноҳия соли 2010  416 нафарро  ташкил медод  ва баъди гузаронидани  таҳлилу  мавриди табобат қарор додани  гирифторони бемории сил ин шумора дар соли 2016 ба 222 нафар  расид.

Август 17, 2016 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад