Маркази бемориҳои сили ноҳияи Восеъ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст
Восеъ, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Восеъ рушд намуда, тамоми муассисаҳои табобатии ноҳия аз таъмир бароварда шуданд. Се беморхонаи калонтарин, 8 марказу бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифта, кори кормандони соҳаи тибро хеле осон карданд.
Дар 10 соли охир бо дилсӯзию мусоидати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин адад дастгоҳҳои калонҳаҷми тиббӣ ба ноҳия ворид карда шуданд. Ҳоло бо ҷалби мутахассисони варзида ҳама намуди ҷарроҳӣ дар ноҳия гузаронида мешавад.
Ба иттилои директори Маркази бемориҳои сили ноҳияи Восеъ Сафаралӣ Мирзоев, имрӯзҳо дар Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ҳама намуди ин беморӣ бо истифода аз дастгоҳи рентгении муосир муайян карда мешавад.
Шумораи гирифторони бемории сил дар ноҳия соли 2010 416 нафарро ташкил медод ва баъди гузаронидани таҳлилу мавриди табобат қарор додани гирифторони бемории сил ин шумора дар соли 2016 ба 222 нафар расид.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






