Масъалаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон дар Женева муҳокима хоҳад шуд
Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар/. Имрӯз сафари кории раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ба Дафтари СММ оид ба корҳои башардӯстона, ки дар Женева воқеъ аст, оғоз ёфт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар доираи сафари кории худ, раиси кумита бо роҳбарони Дафтари СММ оид ба корҳои башардӯстонаи Женева, ёвари Дабири кулли СММ оид ба ҳамкорӣ барои кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ, роҳбари Маъмурияти байналмилалии Салиби Сурх барои давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, бо роҳбарони созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ (МОГО),Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, директори ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева, сардори шуъбаи корҳои башардӯстона барои ҳамоҳангсозии корҳои саҳроӣ вохӯриҳо доир мекунад.
Дар вохӯриҳо муҳокимаи масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, омўзиш ва бозомӯзии кормандони кумита ва дигар масъалаҳо баррасӣ хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд






