Масъалаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон дар Женева муҳокима хоҳад шуд

Август 22, 2016 15:04

Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар/. Имрӯз сафари кории раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода  ба  Дафтари СММ оид ба корҳои башардӯстона, ки дар Женева воқеъ аст, оғоз ёфт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд,  дар доираи сафари кории худ, раиси  кумита бо роҳбарони Дафтари СММ оид ба корҳои башардӯстонаи Женева, ёвари Дабири кулли СММ оид ба ҳамкорӣ барои кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ, роҳбари Маъмурияти байналмилалии  Салиби Сурх  барои давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, бо роҳбарони созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ (МОГО),Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, директори ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева, сардори шуъбаи корҳои башардӯстона барои ҳамоҳангсозии корҳои саҳроӣ вохӯриҳо доир мекунад.
Дар вохӯриҳо муҳокимаи масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, омўзиш  ва бозомӯзии кормандони кумита ва дигар масъалаҳо баррасӣ хоҳанд шуд.

Август 22, 2016 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад