Масъалаи рушди минбаъдаи Шоҳрохи Бузурги Абрешим дар машварати ҷавонони СҲШ муҳокима гардид
Душанбе, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 август дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин машварати ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кори худ оғоз намуд.
Дар кори машварат намояндагони кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Кирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, давлатҳои нозир -Ҳиндустон, Покистон, Муғулистон, Беларус, Эрон ва Афғонистон иштирок доранд.
Дар чорабинӣ як қатор мавзӯъҳо, аз қабили муборизаи муштарак бар зидди терроризм, рушди минбаъдаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, густариши ҳамкории иқтисодӣ, инчунин соҳаи фарҳангу маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар машварати мазкур аз Тоҷикистон намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва дигар вазорату идораҳо сухан гуфтанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






