Машварат: «Такмили бренди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кори худ шурӯъ кард
Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Такмили бренди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кори худ шурӯъ кард.
Ба иттилои корманди маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Шералӣ Ҷалолов, дар ҳамоиш намояндагони бахши сайёҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва зертобеи он, ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд, иштирок доранд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни ифтитоҳи он иброз намуд: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди сайёҳӣ тамоми талоши худро ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳо ва фароҳам овардани шароитҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ равона намуда истодааст. Узвияти Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии туристӣ (СУТ) дар баробари омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва иштирок дар ҷараёни ҳаллу фасли масоили рӯзмарраи соҳа, барои ташаккул ва дар оянда мустаҳкам кардани нуфузи ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард».
Дар ҷараёни машварат Мусаллим Афандиев, ёрдамчии Котиби генералии СУТ оид ба кишварҳои Аврупо ва Анита Каур, мушовири Котиби генералии СУТ оид ба омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешқадами соҳаи сайёҳӣ сухан ронданд.
Шералӣ Ҷалолов ҳамчунин иттилоъ дод, ки машварат бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ бо ҷалби мутахассисони сатҳи байналмилалӣ се рӯз идома ёфта, баргузории он зимни сафари Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ Толиб Рифоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ба нақша гирифта шуда буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






